Чемпионати ҷаҳон-2021 барои Комроншоҳ хотима ёфт

Чемпионати ҷаҳон-2021 барои Комроншоҳ хотима ёфт
Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Комроншоҳи Устопириён, ки Тоҷикистонро дар чемпионати ҷаҳон-2021 дар вазни 90 кг намояндагӣ мекард, аз идомаи мусобиқот маҳрум шуд.

ДУШАНБЕ, июн – SPORTS.tj. Устопириён дар даври аввал бо рақибаш аз кишвари Габон Адама Далекс даст ба гиребон шуд. Ин ҷудочии шинохтаи тоҷик бар Адама Далекс пирӯз шуда, ба даври дуюм роҳ ёфт. Дар даври 2-юм Комроншоҳи Устопириён бар намояндаи Перу Юта Галаррета дастболо шуд.

Дар даври сеюми Комроншоҳи Устопириён аз чоизадори чор нишони тиллои Grand Slam ҷудочии кишвари шветсия – Маркус Ниман дучори бохт шуда, аз идомаи сабқатҳо маҳрум гардид. Паҳлавони дигари тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов бошад, дар даври аввали

Чемпионат аз ҷудочии Швейтсария ноком шуда, ӯ низ рақобатҳои Чемпионати ҷаҳонро барои худ хотима дод.

Дар нахустин рӯзи қаҳрамонии ҷаҳон Тоҷикистонро Шукрона Карчиева (48 кг) муаррифӣ кард. Дар даври аввал  Шукрона бо ҷудокорбонуи пурқуввати Ҷопон – Вакана Кога ба рақобат пардохт. Мутаассифона дар сонияҳои аввали нерӯсанҷӣ, пас аз як ҳамлаи номуваффақи Шукрона, варзишгарбонуи Ҷопон тавонист рақобатро ба бахши «не-ваза» (кор дар замин) гузаронад ва бо иҷрои «осаекоми» ғолиби ин қувваозмоӣ гардад.

Дар рӯзи дуюми чемпионати ҷаҳон кишвари моро Шаҳбоз Саидабуроров (66 кг) намояндагӣ кард.

Рақиби ӯ дар даври аввал варзишгари Русия – Мурад Чопанов буд.  Ду варзишгар дар вақти асосӣ имтиёзе аз ҳамдигар касб накарданд ва ҳамин тариқ вақт ба “голден скор” кашида шуд.  Мутаассифона, Шаҳбоз дар “вақти тиллоӣ” бо “ваза-ари” рақобатро бохт ва аз идомаи сабқатҳо маҳрум гашт.

Дар рӯзи чоруми рақобатҳо Тоҷикистонро Акмал Муродов дар вазни 81 кг муаррифӣ кард. Акмал, ки дар даври аввал озод буд, рақобатро аз даври дуюм муқобили ҷудокори Юнон – Алексиос Нтанатсидис оғоз кард.  Ҷудокорон дар вақти асосӣ имтиёзе аз ҳамдигар касб накарданду Акмал ду танбеҳ дошт. Дар вақти ҷудошуда барои имтиёзи тиллоӣ, Акмал пас аз иҷрои номуваффақи усули «ура нагэ» ба ҳариф имкон дод, ки ӯро дар ҳолати «осаекоми» (беҳаракатӣ) нигоҳ дорад ва имтиёзи тиллоиро касб кунад.

Дар мусобиқа иштироки 695 варзишгар (408 мард ва 287 зан) аз 129 кишвари панҷ қораи дунё дар назар аст. Барои мақоми аввал – 2000 имтиёз, дуюм – 1400 имтиёз ва сеюм – 1000 имтиёз дода мешавад.

Ғолибону ҷоизадорони Қаҳрамонӣ бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз мешаванд. Барои ҷойи якум 26 ҳазор евро (20800 евро – варзишгар ва 5200 евро – мураббӣ), барои ҷойи дуюм – 15 ҳазор евро (12000 евро – варзишгар ва 3000 евро – мураббӣ), барои ҷойи сеюм – 8 ҳазор евро (6400 евро – варзишгар ва 1600 евро – мураббӣ) муқаррар шудааст.

Поделиться ссылкой:

Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Возможно , вас заинтересует

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Powered by Live Score & Live Score App
Вы не можете скопировать содержимое этой страницы
error: Content is protected !!