Бозиҳои варзишии Тоҷикистон доир мешавад

Бозиҳои варзишии Тоҷикистон доир мешавад
Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим аз 21 май то 30 июни соли равон Бозиҳои варзишии Тоҷикистон доир мегардад.

ДУШАНБЕ, май – SPORTS.tj. Ба барномаи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон 15 намуди варзиш ворид карда шудааст: баскетбол, бокс, вазнбардорӣ, варзиши сабук, волейбол, гуштингирӣ, гуштини варзишӣ (тарзи озод ва юнонӣ-римӣ), камонварӣ, каратэ, қайиқронӣ, самбо, таеквондо, ҳендбол, ҷудо, шиноварӣ.

Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 22 май бо мусобиқаи варзиши сабук оғоз мегардад, ки ду рӯз идома меёбад. Сипас, 1-2 июн мусобиқаи гуштингирӣ, 3-4 июн мусобиқаҳои гуштини юнонӣ-римӣ ва каратэ, 5-6 июн мусобиқаи шиноварӣ, 7-8 июн мусобиқаи гуштини тарзи озод, 9-10 июн мусобиқаҳои ҷудо ва таеквондо, 10-14 июн сабқати волейбол миёни бонувон, 11-12 июн мусобиқаи самбо, 12-13 июн мусобиқаи вазнбардорӣ, 13-17 июн мусобиқаи ҳендбол, 18-22 июн мусобиқаи баскетбол миёни мардон, 23-27 июн мусобиқаи волейбол миёни мардон, 24-25 июн мусобиқаи қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ, 25-29 июн мусобиқаи бокс ва 28-29 июн мусобиқаи камонварӣ доир хоҳанд шуд.

Ҳамаи мусобиқаҳо, ба ғайр аз вазнбардорӣ, волейбол миёни бонувон ва камонварӣ дар пойтахт – шаҳри Душанбе баргузор мешаванд. Мусобиқаи вазнбардорӣ дар шаҳри Кулоб, волейболи бонувон дар шаҳри Хоруғ ва мусобиқаи камонварӣ дар шаҳри Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст. (КМОТ)

Поделиться ссылкой:

Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Возможно , вас заинтересует

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Powered by Live Score & Live Score App
Вы не можете скопировать содержимое этой страницы
error: Content is protected !!