Ба ифтихори Рӯзи модар: бонувон волейбол бозӣ мекунанд

Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи волейбол барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” оғоз гардид.

ДУШАНБЕ, феврал – SPORTS.tj. Ба иттилои сомонаи расмии МИҲД шаҳри Душанбе, мусобиқа миёни бонувон ба ифтихори Рӯзи модар бори 5-ум аст, ки баргузор мешавад.

Дар мусобиқа дастаҳои волейболи бонувон аз вазорату идораҳо, инчунин шаҳру вилоятҳо ширкат мекунанд.

Дар расми ифтитоҳи мусобиқа муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ иброз намуд, ки мусобиқа бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни бонувон, рушди намуди волейбол ба ифтихори Рӯзи модар ва 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ташкил гардидааст.

Поделиться ссылкой:


Аватар

Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Вы не можете скопировать содержимое этой страницы
error: Content is protected !!