Ассамблеяи генералии КМО Тоҷикистон 29 декабр доир мешавад

Ассамблеяи генералии КМО Тоҷикистон 29 декабр доир мешавад
Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласаи 19-уми Ассамблеяи генералии Кумитаро 29 декабр дар шаҳри Душанбе даъват кард.

ДУШАНБЕ, декабр – SPORTS.tj. Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроия фаъолияти Кумита ва фаъолияти молиявӣ дар соли 2020, инчунин Нақшаи кори Кумита барои соли 2021 ва Оинномаи Кумита дар таҳрири нав баррасӣ ва барои тасдиқ ба Ассамблеяи генералӣ пешниҳод шуд.

Қайд гардид, ки соли 2021 барои Кумита ва федератсияҳои варзишӣ соли мушкил хоҳад буд, зеро ба ғайр аз Бозиҳои олимпии Токио, инчунин 6-ум Бозиҳои соҳилии Осиё дар Санйаи Чин, 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар Қонияи Туркия ва 3-юм Бозиҳои наврасони Осиё дар Шантоуи Чин ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин, барои ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии Токио варзишгарони моро зарур аст, ки дар мусобиқаҳои интихобии олимпӣ ширкат намоянд.

Аъзои Кумитаи иҷроия санаи ҷаласаи 19-уми Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпиро 29 декабр тасдиқ карданд. Дар асоси рӯзномаи ҷаласа дар Ассамблеяи генералӣ ҳисоботи Кумита дар соли 2020, ҳисоботи комиссияи назорату тафтишот пешниҳод шуда, нақшаи кор ва нақшаи буҷети Кумита барои соли 2021, Оинномаи Кумита дар таҳрири нав, Қоидаҳои зидди допинги Кумита тасдиқ карда хоҳанд шуд.

Дар ҷаласа ба 12 нафар иштирокчии Барномаи “Идора намудани ташкилотҳои варзишии намуди олимпӣ”, ки дар мавзӯъҳои варзиш корҳои илмӣ навиштанд, дипломи Кумитаи байналмилалии олимпӣ тақдим гардид.

Поделиться ссылкой:


Аватар

Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Возможно , вас заинтересует

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Вы не можете скопировать содержимое этой страницы
error: Content is protected !!