Асроров, Бекназаров, Восиев – дар Бангладеш. Навбати кист?

Асроров, Бекназаров, Восиев – дар Бангладеш. Навбати кист?
Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Навбати кист? Боз кадом футболбози тоҷик ба Бангладеш рафтанист?

ДУШАНБЕ, декабр – SPORTS.tj. Ин саволест, ки ҳаррӯз дар сари ман чарх мезанад. Мо бояд ба Аврупо сафарбар шавем, чун парвиз Умарбоев. Лек, Афсус, ки аллакай ба мо тайи чанд муддат одат шудааст, ки дар чемпионати Бангладеш ҳадди ақал як тоҷикро бубинем. Чи бадие дорад? Ягон бадие надорад ба ҷуз сустии чемпионати онҳо нисбат аз мо, лек 10-15 (мумкин бисёртар бошад) баробар маошро зиёдтар медиҳанд.

Мо натавонистем дар тайи ин 30 сол (ба ҷузъ дастпарварони Помир) як футболбозеро тарбия намоему ҳадди ақал ба премйер-лигаи Россия тобоварӣ кунад.

Соли гузашта, мо чун соли 2007ум ба чемпионати ҷаҳон байни зери 17 солаҳо баромадем, акнун тамоми орзуву ниятҳо ба онҳост.

Агар Дилшод Восиев барин легенда, ки зиёда аз 50 бозӣ дар тими мунтахаб дорад, ба Бангладеш намерафт, маро чунин алам намекард.

Спонсорон, сармоягузорон, он касоне, ки дӯстдори футболед, биёед футболи маҳаллиро дастгирӣ кунем, то нашавад, ба чемпионати Бангладеш зор гардем…

Поделиться ссылкой:


Аватар

Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Возможно , вас заинтересует

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Вы не можете скопировать содержимое этой страницы
error: Content is protected !!