Almaty Asian Cup-2021: мақоми панҷуми Меҳрона

Almaty Asian Cup-2021: мақоми панҷуми Меҳрона
Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Дар Ҷоми Осиё-2021 байни наврасон (Almaty Asian Cup 2021), ки дар шаҳри Алматои Қазоқистон ҷараён дорад, Тоҷикистонро чор ҷудокор (се мард ва як бону) намояндагӣ карданд.

ДУШАНБЕ, май – SPORTS.tj. Меҳрона МАҲМАДЗОДА (57 кг) дар даври аввал дар муддати 1 дақиқаю 54 сония ҷудокорбонуи кишвари мизбон – Динара МАХАМАДИЯРОВАро бо «иппон» шикаст дод, вале мутаассифона дар чорякниҳои аз Дана АИТБАЕВА (Қазоқистон) бо дарёфти се танбеҳ мағлуб шуд.

Дар рақобатҳои тассалобахш дар тӯли 4 сония варзишгарбонуи Қирғизистон – Мирзайим ДУЙШЕНБЕКОВА ва пас аз он рақиб за кишвари мизбон – Гулнора ИБРАЕВАро шикаст дод ва ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфт.

Мутаассифона дар мубориза барои нишони биринҷӣ аз ҷудокорбонуи Ӯзбекистон – Ёқутҷон АБДИРИМОВА бо «иппон» шикаст хурд ва мақоми 5-умро соҳиб шуд.

Самиршо МУҲАББАТОВ (60 кг) дар нахустин рақобаташ аз ҳарифи қирғиз – Дастан ДЖУМАШЕВ ноком шуд. Акбарҷон НИЁЗЗОДА (60 кг) ҳам дар даври аввал дар «голден-скор» аз ҷудокори Қирғизистон – Казибек ЧИНИБЕКОВ мағлуб шуд. Бахтиёр ҒАФУРОВ (73 кг) дар нахустин рақобаташ бар ҷудочии ӯзбек – Дилшод ШУКРУЛЛОЕВ дастболо шуд. Дар даври дуюм бошад, бар Абилай АЛДИНАЗАРОВи қазоқ бо ситонидани ду имтиёзи «ваза-ари» пирӯз гашт.

Дар чорякниҳоӣ дар «голден-скор» аз ҷудокори мизбон – Бекзад НУРМОЛДА бо дарёфти се «шидо» аз ҷониби довари майдон мағлуб дониста шуд. Мутаассифона, дар даври тассаллобахш низ рақобатро ба варзишгари қазоқ – Анатолий КЛЕВЕТСУР бо «иппон» бохт.

Поделиться ссылкой:

Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Возможно , вас заинтересует

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Powered by Live Score & Live Score App
Вы не можете скопировать содержимое этой страницы
error: Content is protected !!