Ҷаҳонгир Маҷидов – барандаи медали нуқраи Orenburg Cup-2021

Ҷаҳонгир Маҷидов – барандаи медали нуқраи Orenburg Cup-2021
Подписаться на

Дар шаҳри Оренбурги Федератсияи Русия мусобиқаи Ҷоми Аврупо миёни калонсолон (Orenburg Senior European Cup-2021) ба анҷом расид.

ДУШАНБЕ, август – SPORTS.tj. Дар рӯзи охири мусобиқа Тоҷикистонро панҷ ҷудокор муаррифӣ карданд. Ҳақназар Назаров (81 кг) дар даври аввал аз ҷудокори Нидерланд – Томас Снайдерс бо «учимата» мағлуб шуд ва аз идомаи рақобатҳо маҳрум шуд.

Хушвақт Идиев (81 кг) дар даври якум муқобили варзишгари Қазоқистон – Ерахан Нуридин қарор гирифт. Ҳарду ҷудокор нерӯсанҷии шадид нишон дода, пас аз гузашти 2 дақиқа рақобатро ба бахши «не ваза» (кор дар замин) гузарониданд ва тавонистанд аз якдигар яктоӣ «ваза-ари» ситонанд. Мутаассифона, дар «голден скор», Хушвақт пас аз як ҳамлаи номувафақ, ба ҳариф имкон дод, то ӯ зиддиусулеро анҷом диҳад ва имтиёзи тиллоии «ваза-ари»-ро касб кунад.

Амирҷони Насимҷон (90 кг) дар даври аввал бо ҷудокори мизбон – Турпал Сатаев нерӯсанҷӣ кард. Ҷудокори Русия ба варзишгари тоҷик муқобилияти шадид нишон дод, аммо дар сонияҳои охири қувваозмоӣ Амирҷон тавонист бо иҷрои «ко-учи-гари» имтиёзи «ваза-ари» ба даст орад ва ғолиби ин рақобат гардад.

Мутаассифона, дар чорякниҳоӣ Амирҷон дар камтар аз 30 сония аз ҷудочии тоҷиктабори Русия – Мирзо Шукориев бо усули «буғӣ кардан» таслим шуд. Дар даври якуми тассалобахш бошад, паҳлавони тоҷик бар варзишгари Қазоқистон – Адилет Сапаргалиев бо «иппон» пирӯз шуд, вале дар даври дуюм аз Сергей Скоробогатов-и рус шикаст хурд ва аз ҳаққи ширкат дар даври баъдии мусобиқа маҳрум гашт.

Ҷаҳонгир Маҷидов (90 кг) дар даври аввал муқобили ҷудокори тоҷик – Ёқубҷон Назиров, ки таҳти парчами Русия ҳунарнамоӣ мекунад, қарор гирифт. Ҷаҳонгир дар сонияҳои охири рақобат тавонист Ёқубҷонро бо усули «суми гаэши» таслим кунад ва ба даври навбати роҳ ёбад.

Дар чорякниҳоӣ бошад, Эмил Курбанови русро дар дақиқаи охири рақобат бо «учимата» мағлуб кард ва ба даври нимниҳоӣ баромад.  Дар ниманиҳоӣ боз ҳам бар варзишгари мизбон, ин навбат – Адам Утсиев бо як «ваза-ари» пирӯз шуд ва ба финали мусобиқа роҳ пайдо кард.

Мутаассифона, дар рақобат барои нишони тилло, Ҷаҳонгир аз Мирзо Шукориев (Русия) мағлуб гардид ва соҳиби медали нуқра шуд.

Поделиться новостью
Редакция Sports.tj

Редакция Sports.tj

Будьте в курсе всего интресного

Telegram Facebook Instagram vk

Возможно , вас заинтересует

error: Content is protected !!