5 варзишгари тоҷик дар мусобиқаи Босфор дар Истанбул ширкат доранд

5 варзишгари тоҷик дар мусобиқаи Босфор дар Истанбул ширкат доранд
Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Дар шаҳри Истанбули Туркия мусобиқаи байналмилалии Босфор оид ба бокс оғоз шуд, ки дар он варзишгарони Тоҷикистон низ ширкат доранд.

ДУШАНБЕ, март – SPORTS.tj. Мусобиқа то 21 март идома меёбад ва варзишгарон аз 25 давлат барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ ташол мекунанд.

Ҷумҳурии моро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 5 нафар узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон намояндагӣ мекунанд: Шоира Зулқайнарова (60 кг) миёни бонувон, Аминҷон Сайрализода (57 кг), Бахтиёр Мирзомуҳаммад (75 кг), Шаббос Негматуллоев (81 кг) ва Сиёвуш Зуҳуров (+91 кг) миёни мардон.

Ду варзишгари мо аз намуди бокс – Баҳодур Усмонов (63 кг) ва Шаббос Негматуллоев (81 кг), ки соли гузашта роҳхати олимпӣ ба даст оварданд, ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 омодагӣ мебинанд. Ҳар ду варзишгар аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бархурдоранд.

Ёдрас менамоем,ки шаҳри Деҳлӣ мизбони чемпионати имсолаи Конфедератсияи бокси Осиё (ASBC) тасдиқ карда шуд. Ин чорабинӣ аз 21 то 31 майи 2021 баргузор хоҳад шуд ва пойтахти Ҳиндустон беҳтарин муштзанҳои Осиёро ду моҳ пеш аз Бозиҳои олимпӣ истиқбол хоҳад кард.

Интизор меравад, ки қувваозмоиҳо дар толори варзишии “KH Jadhav”, ҷои баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс байни занон дар соли 2018, сурат гиранд.

Чемпионати гузаштаи Осиё оид ба бокс соли 2019 дар Бангкоки Тайланд баргузор шуда буд, ки дар он варзишгари тоҷик Баҳодур Усмонов медали тилло ба даст овард. (КМОТ)

Поделиться ссылкой:

Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Возможно , вас заинтересует

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Powered by Live Score & Live Score App
Вы не можете скопировать содержимое этой страницы
error: Content is protected !!