Ҷоми ҷаҳонии самбо: 11 паҳлавони тоҷик дар Маскав

Ҷоми ҷаҳонии самбо: 11 паҳлавони тоҷик дар Маскав
Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Дар Ҷоми ҷаҳонии самбо дар Маскав, ки рӯзҳои 25-26-ми моҳи март баргузор мешавад, ширкати 11 самбокори тоҷик дар назар аст.

ДУШАНБЕ, март – SPORTS.tj. Паҳлавонони тоҷик ҳам дар самбои варзишӣ ва ҳам самбои размӣ ширкат мекунанд. Ин мусобиқа, ки ба хотираи асосгузори кӯштии самбо дар ҷаҳон Анатолий Харлампиев гузаронида мешавад, яке аз сабқатҳои пурнуфузи самбо дар ҷаҳон буда,  қаҳрамонии ҷаҳони ғайрирасмӣ номида мешавад.

Тоҷикистонро дар ин Ҷоми Ҷаҳон Хушқадам Хусравов, Акмалиддин Каримов, Зафар Олимшоев, Деваштич Убайдӣ, Сорбон Латифов, Сомон Сангов, Садр Боев, Рамазон Ҷумъев, Аҳтам Ҳусейнов, Меҳрубони Абдулҳақ ва Алхатаби Фирдавс намояндагӣ мекунанд.

Соли 2020 ин сабқати пурнуфузи самбо ба далели ҳамагирии вируси куруно дар охири сол, поёни декабр баргузор шуд, ки варзишгарони тоҷик дар он 5 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Алимуҳаммад Алиев дар ду намуд – самбои варзишӣ ва самбои размӣ – дар вазни то 57 кило ду медали биринҷӣ ба даст овард. Медали дигари биринҷиро Деваштич Убайдӣ дар намуди самбои варзишӣ дар вазни то 74 кило соҳиб шуд.

Инчунин ду медали дигари биринҷиро Муҳиддин Муҳиддинов дар вазни то 68 кило ва Осмонбег Қуқаниев дар вазни беш аз 100 кило дар рақобатҳои самбои размӣ гирифтанд.

Поделиться ссылкой:


Аватар

Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Возможно , вас заинтересует

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Вы не можете скопировать содержимое этой страницы
error: Content is protected !!