Ҳамсари Фатҳуллоев: Фатҳулло ҳаёти худро бе футбол тасаввур карда наметавонад

Мадина Фатҳуллоева, ҳамсари футболбози тоҷики дастаи Ченнайин-и Ҳиндустон Фатҳулло Фатҳуллоев дар сӯҳбат ба хабарнигори Sports.tj оиди ҳамсараш чунин гуфт
ДУШАНБЕ, декабр – SPORTS.tj. «Фатҳулло дар мадди аввал оилаи худро мегузорад, ки ин ягон ҷои баҳсе надорад, вале ӯ ҳаёти худро бе футбол тасаввур карда наметавонад. Мо ҳамавақт дастгираш ҳастем ва барори комёбиҳои зиёд орзумандем».
Хотиррасон менамоем, ки Ченнайин-и Фатҳулло Фатҳуллоев дар даври сеюми чемпионати Ҳиндустон аз Бангалор 0:1 мағлуб шуд ва Фатҳуллоев дар дақиқаи 57-ум ба майдон омада то охир баромад намуд.
Пас аз се даври дастаи Ченнайин 1 ғалаба, 1 мусовӣ ва 1 бохт дошта, 4 хол дорад.