Ҳафтаи легионерҳои тоҷик

Ҳафтаи легионерҳои тоҷик
Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Якчанд футболбозони тоҷик дар чемпионатҳои гуногун баромад мекунанд, ки инҷо аз охирин бозиҳои онҳо ҳарф хоҳем зад.

ДУШАНБЕ, май – SPORTS.tj. Оғоз мекуним аз Шаҳром Самиев. Ӯ дар дастаи Динамо-Авто баромад дорад ва ин ҳафта дар бозии нимфиналӣ бар зидди Сфинтул Георге рақобат намуд. Вале бо ҳисоби 1:2 мағлуб гардид. Шаҳром дар ин дидор муаллифи ассист гардид.

Дар чемпионати Узбекистон як қатор футболбозони тоҷик баромад мекунанд. Яке аз онҳо Эҳсони Паншанбе, футболбози Навбаҳор аст, ки дар даври 7-уми Суперлигаи ин давлат бо дастаи Қизилқум-и Ҷаҳонгир Эршашев вориди рақобат шуд. Ҳисоби дидор 1:1 шуд ва голи Навбаҳорро Эҳсон ба самар расонид ва 90 дақиқа дар майдон буд. Ҷаҳонгир бошад, ҳатто дар курсии эҳтиётӣ қарор надошт.

Бунёдкор-и Даврон Эргашев дар ин давр бар тими Насаф 2:0 ғолиб омад ва Даврон 90 дақиқа дар майдон буд.

Турон-и Умарҷон Шарипов пагоҳ 6 май дар майдони худ зидди Пахтакор қувва меозмояд.

Пас аз гузашти 7 давр Бунедкор дар мақоми 6-ум (11 имтиёз), Қизилқум дар ҷои 8-ум (6 бозӣ 7 имтиёз), Навбаҳор дар мақоми 10-ум (6 имтиёз) ва Турон мақоми охирин аст (5 бозӣ 2 имтиёз).

Пенанг-и Шериддин Бобоев дар даври 12-ум аз Куала Лумпур Сити 1:3 мағлуб шуд ва футболбози тоҷик пурра дар майдон қарор дошт. Пас аз анҷоми 12 давр Пенанг бо 22 имтиёз мақоми 4-ум аст.

Шейх Рассел-и Сиёвуш Асроров дар даври 15-уми чемпионати Бангладеш бар зидди Раҳматгонж-и Хуршед Бекназаров ва Дилшод Восиев вориди майдон шуда, 3:0 ғалаба карданд. Голи аввалини дидорро Сиёвуш ба самар расонид ва 90 дақиқа дар майдон буд.

Хуршед дар курсии эҳтиёти боқи монд. Дилшод бошад, умуман дар ҳайат вуҷуд надошт. Шейх Рассел пас аз гузашти 15 давр бо касби 26 имтиёз мақоми 4-ум аст ва Раҳматгонж 14 имтиёз дошта мақоми 8-ум аст.

Локомотив-и Парвизҷон Умарбоев ин ҳафта мебоист бо тими ЦСКА 1948 бозӣ мекард, вале мавқуф гузошта шуд. Пас аз гузашти 27 давр (Локомотив 26 бозӣ дорад) Локомотив бо имтиёзи 52 мақоми сеюм аст.

Нарва Транс-и Табрези Давлатмир имрӯз дар доираи даври 11-уми чемпионати Эстония бо Таммека вориди рақобат мешавад. Пас аз гузашти 11 давр бo 11 имтиёз мақоми 5-ум аст.

Поделиться ссылкой:

Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Возможно , вас заинтересует

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Powered by Live Score & Live Score App
Вы не можете скопировать содержимое этой страницы
error: Content is protected !!