Ҳафтаи футболбозони тоҷик

Ҳамин ҳафта – ҳафтаи футболбозони тоҷик буд.
ДУШАНБЕ, март – SPORTS.tj. Чаро?
1. Шахром Самиев (Динамо-Авто) дар чемпионати Молдова 🇲🇩 ба дарвозаи Зимбру (3:0) хет-трик намуд.
2. Парвиз Умарбоев (Локомотив Пловдив) дар чемпионати Болгария 🇧🇬 аз пеналтӣ ба дарвозаи Берое гол ба самар расонида, дастаашро аз мағлубият раҳонид (1:1).
3. Эхсони Панчшанбе (Навбаҳор) дар чемпионати Ӯзбекистон 🇺🇿 голи зебоеро ба дарвозаи Локомотив Тошкент намуда, ғалабаи дастаашро таъмин намуд (2:1).
4. Комрон Турсунов (ТРАУ) дар лигаи якуми Ҳиндустон 🇮🇳 аз зарбаи ҷаримавӣ голеро ба дарвозаи Панҷоб ворид намуд (1:0).
Кист бозингари ҳафта?