Ғолибони рӯзи якуми чемпионати Тоҷикистон муайян шуданд

Ғолибони рӯзи якуми чемпионати Тоҷикистон муайян шуданд
Поделиться новостью
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

Дар Маҷмааи варзиши обӣ ва касри Тенниси шаҳри Душанбе чемпионати Тоҷикистон оид ба ҷудо оғоз шуд.

ДУШАНБЕ, ноябр – SPORTS.tj. Дар вазни 60 кг рақобатҳо пуршиддат баргузор шуда, Абдушакуров Сарвар ва Қаюмзода Абумуслим ба даври финалӣ роҳ ёфтанд. Сарвар Абдушукуров, ки шаҳри Душанберо намояндагӣ мекунад, дар даври аввал Идибеки Амиршоҳро мағлуб кард. Дар вохӯрии дуюм – Сарвар бар Абдураҳим Назаров дастболо шуд. Рақиби сеюми ӯ ҷудочии пойтахт Абдуллоев Иброҳим ба шумор мерафт. Сарвар бар ин ҳарифаш ҳам пирӯз гардид. Дар даври чорум узви дастаи Душанбе 1 – Қувватов Муҳаммадсолеҳро низ шикаст дода, ба финал баромад.  

Дар марҳилаи ниҳоӣ бо Абумуслим Қаюмзода, ки ӯ низ дар марҳилаҳои муқаддамотӣ ҳарифони худро аз дастаҳои Хатлон 1, Душанбе ва Душанбе 1 мағлуб намуд, неру санҷид. Дар ин қувваозмоии бисёр ҳам ҳассос Абумуслим Қаюмзода дастболо гардида, соҳиби нишони тилло гардид. Барои нишонҳои биринҷии вазни 60 кило Ғафоров Сиёвуш бо Собирзода Саъдӣ ва Қувватов Муҳаммадризо бо Қувватов Муҳаммадсолеҳ мубориза бурданд.

Дар натиҷа Муҳаммадсолеҳ Қувватов ва Саъдӣ Собирзда нишонҳои биринҷиро ба гардан овехтанд. Бояд тазаккур дод, ки мақомҳои ифтихории ин вазнро варзишгарони шаҳри Душанбе моли худ карданд.                                         

Дар вазни 66 кг низ сабқатҳо ҷолибу диданӣ сурат гирифтанд. Ба финали ин вазн намояндаи Душанбе – Раҷабов Муҳаммадисо ва узви дастаи Хатлон – 2 Суфиев Баҳром баромаданд. Муҳаммадисо дар марҳилаи аввал гӯштингири вилоти Суғд, дар даври дуюму сеюм   ҷудочиёни Душанбе ва дар маҳилаи чорум варзишгари ВМКБ-ро ноком сохт. Баҳром Сӯфиев ҳам чаҳор нафар ҳарифи худро аз пойтахт мағлуб намуда, ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфт. Рақобат миёни ҳардуи ин паҳлавон   пуршиддат ҷараён гирифта, ба суди Баҳром Сӯфиев хотим ёфт.

Дар даври тасаллобахши вазни 66кг Ҷамшеди Нуралӣ бо Масъуди Аҳмадзод ва Сафаралиев Алиҷон бо Муборакқадамов Фурқат қувваозмоӣ карданд. Дар ин сабқатҳо Масъуди Аҳмадзод ва Фурқат Муборакқадамов ғолиб омада, соҳиби нишонҳои биринҷӣ шуданд. Ҳамин тавр, Баҳром Сӯфиев аз дастаи Хатлон-2 қаҳрамони кишвар дар вазни 66 кило шуда, барандаи медали нуқра бошад, Муҳаммадисо Раҷабов дониста шуд. Масъуди Аҳмадзод ва Фурқат Муборакқадамов   ҷойҳои сеюмро ишғол карданд. (ФҶТ) 

Поделиться ссылкой:


Аватар

Редакция Sports.tj

Подписывайтесь и будьте в курсе всего интересного - Я.Дзен, Telegram, Instagram

Возможно , вас заинтересует

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Вы не можете скопировать содержимое этой страницы

error: Content is protected !!